Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои низомии Русия дар Қафқози Шимолӣ


Баъди ҷанг бо Гурҷистон августи порсол имрӯз Русия тамринҳои густардатарини низомии худро дар Қафқози Шимолӣ оғоз кард. Мақомот гуфтанд, ки дар ин машқҳои таҳти унвони "Қафқоз 2009" беш аз 8,500 нирӯ, 200 танку зиреҳпӯшҳо ва ҳудудан 100 тӯпхона ва чанд воҳиди низомии нирӯҳои дарёии баҳри Сиёҳ иштирок мекунанд. Тамринҳои низомӣ то 6 июл, яъне таърихи ворид шудани Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико ба Маскав идома хоҳад кард. Моҳи май НАТО машқҳои якмоҳаи низомии худро дар Гурҷистон баргузор кард, ки дар ҷараёни он чандсад нирӯ ширкат кардаанд.
XS
SM
MD
LG