Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисиҷумҳури Гондурас аз кишвар хориҷ карда шуд


Чанд соат қабл аз раъйпурсӣ оид ба вуруди тағйирот ба Қонуни асосӣ дар Гондурас, гурӯҳи низомиён кохи раисҷумҳур Мануэл Селайиро муҳосира ва баъдан ӯро боздошт ва аз кишвар хориҷ карданд. Селайи нахуст ба як пойгоҳи низомӣ дар канори пойтахти кишвар интиқол ёфт ва аз он ҷо ба Коста-Рика истирдод шуд. Мануэл Селайи моҳи январи соли равон раёсати ин кишвари хурди воқеъ дар Амрикои марказиро соҳиб шуд. Ӯ ба мӯҳлати чаҳор сол раисиҷумҳур интихоб шуд ва, тибқи Қонуни асосии феълӣ, дигар ҳаққи ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурро надорад. Ва аммо ӯ чанде қабл эълом дошт, ки мехоҳад боз як даври дигар раисиҷумҳур бошад.
Раъйпурсии рӯзи якшанбепр Додгоҳи Олии кишвар ғайриқонунӣ хонда буд. Ба тасмим оиди баргузории раъпурсӣ ҳамчунин Конгресс ва аъзои ҳизби худи Селайи муқобил буданд.
XS
SM
MD
LG