Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътимод ба ҳамкориҳои бештари НАТО ва Русия


Яаап Де Ҳуп Скеффер-Дабири Кулли паймони НАТО мегӯяд, вай ба мулоқоти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви ин паймон бо Сергей Лавров-вазири умури хориҷаи Руссия бовар дорад ва дар мулоқот, ки дар Юнон мегузарад, кишварҳои паймони мазкур ва Маскав роҳҳои ҳамкории бештарро пайдо хоҳанд кард. Мулоқоти мазкур баъд аз ҷанги кӯтоҳмуддати миёни Русия ва Гурҷистон дар Асетияи Ҷанубӣ дар моҳи августи соли гузашта нахустин мулоқот дар чунин сатҳи ҳайати боломақом ба шумор меравад. Муносиботи паймони НАТО баъд аз ин ҷанг бо Русия сард шуда буд.
XS
SM
MD
LG