Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти донишмандон баъд аз мулоқот бо Мусавӣ


Мухолифини Эрон мегӯянд, ки дирӯз 70 тан аз устодони донишгоҳҳо баъд аз мулоқот бо номзади собиқи мақоми раёсатҷумҳурӣ Мирҳусейни Мусавӣ боздошт шуданд. Иттилоъ дар ин бора дар сомонаи интернетии Мусавӣ нашр шудааст. Мақомоти Эрон ин хабарро ҳанӯз ташреҳ накардаанд. Гуфта мешавад, ки баъд аз оғози эътирозҳои мухолифин алайҳи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 12 июн садҳо ҷонибдорони мухолифин боздошт шудаанд. Рӯзи чаҳоршанбе бо вуҷуди кор гирифтан аз чораҳои шадид амниятӣ дар Теҳрон ҷонибдорони Мусавӣ ҷамъ омаданд ва миёни онҳову кормандони полис бархурд ба вуқӯъ пайваст.
Ду рӯз пеш Барак Обама, раиси ҷумҳури ИМА, бо пахши як изҳороти шадидуллаҳн гуфта буд, ки аз латукӯб, таҳдиду боздошти тазоҳургарон дар Эрон “ ваҳшатзада ва хамшгин” шудаст. Ба иттилоъи расонаҳои чопи Теҳрон, имрӯз Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, аз Обама даъват кард, ки аз мудохила ба умури Эрон худдорӣ кунад ва барои ҳарфҳояш маъзарат бихоҳад.
XS
SM
MD
LG