Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистону Амрико роҷеъ ба Манас музокира мекунанд


Амрико ва Қирғизистон ба тавофуқ расидаанд, ки тибқи он Вошингтон метавонад барои фиристодани кӯмакҳои икмолотӣ ба Афғонистон ба пойгоҳи низомии Манас дастрасии маҳдуд дошта бошад. Дар ин бора Кадирбек Сарбаев-вазири умури хориҷаи Қирғизистон ба матбуот гуфт:

"Ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифт, ки дар бораи Манас музокира анҷом диҳад ва мувофиқатномае имзо кунад, то аз амалиёти нируҳои байнулмиллалӣ ва ба ҳукумати Афғонистон кӯмак кунад".

Тибқи пешнависи ин мувофиқатнома ба ҳавопаймоҳои Амрико иҷоза дода мешавад, ки онҳо тавассути фурудгоҳи Манас танҳо маводи ғайрикушандаро ба нируҳои худ дар Афғонистон интиқол диҳанд.
XS
SM
MD
LG