Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷҳизоти ИА ва СММ барои марзбонони тоҷик


Имрӯз намояндагии муштараки Иттиҳодияи Аврупо ва Барномаи Рушди СММ дар умури марзии Осиёи Марказӣ ба нируҳои марзбонии Тоҷикистон таҷҳизоти вижа супурд. Ин таҷҳизотро марзбонони тоҷик барои тафтиши паспортҳо ҳангоми убур аз посгоҳҳои марзӣ, тафтиши бору колои шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиётӣ истифода мекунанд. Арзиши умумии ин таҷҳизот 60 000 евро мебошад ва он дар посгоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистон насб мешавад.
XS
SM
MD
LG