Пайвандҳои дастрасӣ

Дар озмуни байнулмиллалии қориёни Қуръон дар шаҳри Маскав Сиротуллоҳ Рауфов аз Тоҷикистон пирӯз эълон шуд.

Даҳумин даври озмуни байнулмиллалии қориёни Қуръон рӯзи якшанбе, 21 июн, дар Маскав баргузор гардид. Сарпарастии ин давр аз озмунро раиси Шӯрои муфтиҳои Русия шайх Равил Ғайнуддин ва дабири кулли Созмони конфаронси исломӣ Акмалуддин Эҳсонӯғлу бар ӯҳда доштанд.

Рушан-ҳазрат Аббосов, мудири равобити байнулмиллалии Шӯрои муфтиҳои Русия, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “даҳумин даври Озмуни байнулмиллалии қориёни Қуръон беҳтар аз он баргузор шуд, ки умедвораш будем. Дар ин давр 26 нафар қорӣ аз 22 кишвари ҷаҳон дар ду озмун – яке қироат аз ҳифз ва дигаре тиловат – ҳунарнамоӣ карданд. Ҳофизӣ ва тиловати қориҳоро 5 нафар довар аз кишварҳои Малайзия, Эрон, Туркия, Русия ва Арабистони Саудӣ арзёбӣ карданд. Пирӯзӣ дар озмуни қироати Қуръон аз ҳифз насиби қорӣ Сиротуллоҳ Рауфов аз Тоҷикистон шуд”.

Рушан-ҳазрат Аббосов афзуд, ки дар бахши анҷомии озмун беҳтарин қориҳо аз Русия, Арабистони Саудӣ, Алҷазоир, Булғористон, Индонезия, Кувейт, Қазоқистон, Мавритания, Малайзия, Марокаш, Туркия ва Финландия рақобат доштанд. Аммо ҳайъати доварони байнулмиллалӣ қироати қории тоҷикро беҳтар аз рақибонаш донист ва ҷоизаи 3 ҳазор доллариро насибаш кард. Дар озмуни тиловат пирӯзӣ насиби қорӣ Бунёмин Топчуӯғлу аз Туркия гашт.

Қорӣ Сиротуллоҳ Рауфов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки шогирди қорӣ Муҳаммад Саъид аст ва дар шашсолагӣ шурӯъ ба омӯзиш ва ҳифзи Қуръон карда ва дар даҳсолагӣ Каломуллоҳро ҳифз кардааст.
XS
SM
MD
LG