Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии сафири Тоҷикистон дар СММ


Сироҷиддин Аслов – сафири Тоҷикистон дар Созмони Милал, дар як нишасти ин созмон, хостори кӯмаки кишварҳои сарватманд дар амри истифодаи муассири манобеъи энержии эҳёшаванда шудааст. Сироҷиддин Аслов дар муколама доир ба истифода аз манобеъи эҳёшавандаи энержӣ гуфтааст, дар сурати истифодаи муассири манобеъи азими ҳидроэнержии кишвар, мушкилоти фаровони нерӯи барқ дар Тоҷикистон рафъ хоҳад шуд. Ба гуфтаи вай, дигар манбаъи муҳим, нерӯи офтоб аст, ки дар Тоҷикистони офтобӣ ниҳоят кам истифода мешавад. Ба гуфтаи Сироҷиддин Аслов, созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои сарватманд бояд дар роҳи дастрасии кишварҳои камбизоат ба фанновариҳои навин кӯмак кунанд.
XS
SM
MD
LG