Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон 50 шӯришии Толиб кушта шудаанд


Мақомоти Покистон мегӯянд, нируҳои артиш бо ҳимояти ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва тӯпхона дар амалиёте дар Вазиристони Ҷанубӣ 50 шӯриширо ба қатл расондаанд. Ин нахустин эъломия дар бораи талафоти шӯришиён аз оғози бомбборонҳост, ки ҳафтае пеш шуруъ шуд. Ба бовари мақомоти расмӣ, Байтуллоҳ Меҳсуд-раҳбари Толибон дар ин минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон бо ҳазорон нафар ҷангиёнаш дар ҳамин минтақа паноҳ мебарад.
XS
SM
MD
LG