Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Собиқ раиси ширкати "Тоҷикэйр" раҳо шуд


Ҳокимшо Тиллоев, собиқ раиси ширкати "Тоҷикэйр", 24 январи соли 2008

Ҳокимшо Тиллоев, собиқ раиси ширкати "Тоҷикэйр", 24 январи соли 2008

Додситонии кулли Тоҷикистон чораи ҳабси пешакии Ҳокимшоҳ Тиллоев, собиқ раиси ширкати «Tajik Air»-ро тағйир дод.

Бар асоси ин тағйирот, Ҳокимшо Тиллоев аз боздоштгоҳи муваққатӣ озод карда шуд.

Баҳодур Ҳомидов, сарвари раёсати ҷиноятҳои махсусан вазнини додситонӣ, гуфт, бар асоси ин қарори мақомоти тафтишотӣ, чораи ҳабси пешакӣ нисбати Ҳокимшо Тиллоев бо гирифтани забонхат дар бораи набаромадан аз маҳалли иқомат иваз карда шуд. Оқои Ҳомидов гуфт, дар ҷараёни тафтиши қазия Тиллоев ҳақ надорад, ки бидуни огаҳӣ маҳалли иқоматашро тағйир диҳад.

Оқои Ҳомидов аз ироаи тафсилоти бештар худорӣ кард ва ҳамин тавр номаълум мемонад, ки собиқ раиси ширкати «Tajik Air» чаро озод шудааст ва оё ин кор бар асоси гарав сурат гирифтааст ё хайр.

Боздошти Ҳокимшоҳ Тиллоев, собиқ раиси ширкати «Tajik Air», рӯзи 17 июн сурат гирифт. Додситонии кулл изҳор карда буд, ки мавсуф аз рӯйи чанд моддаи қонунгузории ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мешавад ва яке аз ин иттиҳомот сӯйистифода аз мансаб аст.

Тибқи ин манбаъ, парвандаи ҷиноии раиси собиқи ширкати «Tajik Air» бар асоси шикояти чанд шаҳрванди Тоҷикистон боз шудааст, ки бо оқои Тиллоев «муомилаи пулӣ» доштаанд.

Додситонии кулл аз шумораи афрод ва миқдори ин маболиғ чизе намегӯяд. Аммо афзуда мешавад, ки ин афрод натавонистаанд маблағҳои худро аз раиси собиқи ширкати ҳавонавардӣ бозпас гиранд ва аз ин хотир ба ниҳодҳои ҳифзи қонун муроҷиат кардаанд.
Ҳокимшоҳ Тиллоев аз 30 январи соли 2006 то 20 ноябри соли 2008 раиси ширкати «Tajik Air» буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG