Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози суханронии муҳими Алии Хоманаӣ


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ - раҳбари олии Эрон, ба думболи чанд рӯзи тазоҳуроти густурда алайҳи натиҷаҳои эъломшудаи интихобот, мардуми кишварашро ба оромиву сабурӣ даъват кард. Алии Хоманаӣ, ки дар тамоми масоили сиёсӣ ҳарфи ниҳоиро мезанад, суханронӣ дар намози ҷумъаи Теҳронро оғоз кард. Эъломи натиҷаҳои интихоботи рӯзи 12 июн, ки ба гуфтаи мақомот, Маҳмуди Аҳмадинажод дар он пирӯз шуд, сабаби эътирози мардум ва мавҷи густурдаи тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Эрон гашт. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, ки пештар мардумро ба ҳимоят аз Маҳмуди Аҳмадинажод даъват карда буд, таҳти фишори тазоҳуроти азим ризоият дод, то раъйи мардум қисман бозшуморӣ шавад. Номзади ислоҳталаби шикастхӯрда дар интихобот Мирҳусайни Мусавӣ, хостори лағви натиҷаҳо ва баргузории интихоботи нав шудааст.
XS
SM
MD
LG