Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як марду як кудак дар инфиҷори Қандаҳор


Бар асари инфиҷор дар ҷануби Афғонистон як мард ва як кудаки 11-сола ба ҳалокат расиданд. Дар канори як ширкати бинокории шаҳри Қандаҳор бомбе мунфаҷир шуд, ки афроди ношинос онро дар дучарха насб карда буданд. Масъулини полис мегӯянд, онҳо ҳанӯз намедонанд, ки мусаллаҳони “Толибон” дар ин ҳодиса даст доранд ё на. Аз ин пеш дар як мавзеъи дигари Қандаҳор бар асари ба майни рӯи раҳ бархурдани мошин 5 корманди полис кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG