Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифин тазоҳуротро мутаваққиф карданд


Ҷонибдорони номзади ноком дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон Мир Ҳусейни Мусавӣ эълом доштанд, ки имрӯз намоишҳои эътирозӣ доир нахоҳанд кард. Аз ин пеш Шӯрои нигаҳбони Қонуни асосии Эрон эълом дошт, ки шикояти аз се довталаби нокоми курсии раисиҷумҳур расидаро мавриди тафтиш қарор хоҳад дод. Гуфта мешавад, ки ин номзадҳо 646 далели қонуншиканиҳои гуногун дар ҷараёни раъйдиҳии рӯзи 12 июнро ошкор кардаанд. Барои баррасии ин шикоятҳо номзадҳои мағлубэълоншуда – Мир Ҳусейни Мусавӣ, Маҳдии Карубӣ ва Муҳсин Ризоӣ рӯзи шанбе ба нишасти Шӯрои нигаҳбон даъват шудаанд. Ҳамзамон Шӯрои нигаҳбон – ниҳодии олии мазҳабии Эрон, ки таъини раҳбари рӯҳонии кишварро бар дӯш дорад, натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳуриро тасдиқ накард. Ин далел дар дили ҷонибдорони мухолифинро умедҳоро барои имкони бознигарии натоиҷи интихобот бедор намуд.
XS
SM
MD
LG