Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав як бино фурӯ рехт


Имрӯз дар маркази Маскав як бино фурӯ рехтааст. Бино ба гузориши бахши русии радиои Озодӣ, мумкин аст одамон зери пораи деворҳо монда бошанд. Кормандони наҷот ба маҳали ҳодиса расидаанд ва амалиёт идома дорад. Дар ин бора ҷузъиёти бештар дода нашудааст. Ҳамин ҳафта дар шаҳри Красноярск низ як бино фурӯ рехт ва дастикам се нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG