Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАСА партоби сафинаро бекор кард


НАСА-Ожонси фазонавардии Амрико партоби сафинаи фазоии Эндевоурро ба сабаби рахна кардани гази гидроген дар ин сафина боздошт. Қарор буд ин сафина бо 7 сарнишин субҳи имрӯз ба фазои кайҳон партоб шавад ва ҳадафи он ба поён расондани насби озмоишгоҳ ё лаборатория дар истгоҳи байналмиллалии фазоӣ мебошад. Ожонси фазонавардии Амрико гуфтааст, рахнаи газ ночиз, вале хатарнок аст. Бори аввал дар рӯзи шанбе чунин нуқси фаннӣ НАСА-ро водор сохт, ки партоби сафинаро мавқуф гузорад.
XS
SM
MD
LG