Пайвандҳои дастрасӣ

Даргирии сангин дар Қундузи Афғонистон


Дар даргириҳои ахир дар Афғонистон 2 сарбози Урдуи давлатӣ ва чанд ҷангӣ ба ҳалокат расиданд. Вазорати дифоъи Афғонистон гуфт, ин ду сарбоз рӯзи душанбе бар асари ҳадафи ҳамла қарор гирифтани як ҳайъати дидбонӣ дар вилояти шимолушарқии Қундуз кушта шуданд. Дар ин даргирии, ба гуфтаи вазорат, сангин, 3 ҷангӣ кушта, 8 тани дигар маҷрӯҳ ва 4 нафар таслим шуданд. Қундуз, ки таҳти масъулияти нирӯҳои Олмон қарор дорад, тайи моҳҳои охир ба мисли вилоёти дигари Афғонистон ба мавҷи афзояндаи хушунатҳо рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG