Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Шанхай Аҳмадинажодро табрик карданд


Раҳбарони Русияву Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо вуҷуди эътирозҳои густарда дар Эрон, интихоби дубораи Маҳмуди Аҳмадинажод ба раёсати он ҷумҳуриро табрик гуфтанд.
Аҳмадинажод имрӯз дар рӯзи ниҳоии нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Екатеринбурги Русия ширкат варзид. Сафари ӯ ба Русия ба далели эътирозҳои ахири Теҳрон як рӯз ақиб уфтод.
Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао дар ҳошияи нишасти Екатеринбург бо Аҳмадинажод мулоқоти алоҳида барпо кардаанд.
XS
SM
MD
LG