Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замони маъмурияти нозирони СММ поён ёфт


Ба далели ветое, ки Русия ба тарҳи қатъномаи ШӮрои Амнияти СММ гузошт, замони маъмурияти ҳайъати нозирони СММ дар Гурҷистон субҳи сешанбе, 16 июн, расман ба поён расид. 150 нозири низомии СММ, ки 16 сол боз риояи оташбас дар хатти марзи байни Гурҷистон ва вилояти ҷудоиталаби Абхозистонро назорат мекарданд, акнун маҷбуранд фаъолияти худро қатъ карда, аз минтақа берун шаванд.
Сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин рӯзи душанбе ба ин далел, ки тарҳи қатънома эътирофи истиқлолияти Абхозистон аз ҷониби Маскавро сарфи назар кардааст, аз ҳаққи ветои кишвараш ба ҳайси узви доимии ША истифода бурд.
Русия дар пайи ҷанги кӯтоҳи моҳи августи соли гузаштааш бо Гурҷистон истиқлолияти ҳам Абхозистон ва ҳам Осетияи ҷанубӣ, вилояти дигари ҷудоиталаби Гурҷистонро эътироф кард. Аммо ба ҷуз аз Русия ва Никарагуа, боқи кишварҳои ҷаҳон ин ду вилоятро то ҳол бахше аз қаламрави Гурҷистон мешиносанд.
XS
SM
MD
LG