Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи хушунатҳо дар Чеченистону Ингушистон


Ду афсари милисаи Русия дар як задухӯрд бо чирикиҳо дар ҷумҳурии ҷангзадаи Чеченистон кушта шуданд. Вазорати умури дохилаи Русия гуфт, дар ин даргирӣ 4 афсари дигар ҷароҳат бардошта, ду милисаи дигар аз таркиши мина захмӣ шудаанд.
Хушунатҳо ҳамин тавр, дар ҷумҳурии ҳамҷавори Ингушистон идома доранд. Ҳафтаи гузашта дар Ингушистон як қозии баландпоя ва як вазири собиқ кушта шуданд.
Субҳи имрӯз як бинои маъмурӣ дар Назран, бузургтарин шаҳри Ингушистон, ба коми оташ кашида шуд. Бовар меравад, афроде, ки ин сохтмонро сӯзонданд, қасди сӯзондани як сохтмони дигари давлатиро низ дар сар доштаанд.
XS
SM
MD
LG