Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

65 дарсади Аҳмадинажод


IТарафдорони Аҳмадинажод алакай ба кӯчаҳо рехтаанд
IТарафдорони Аҳмадинажод алакай ба кӯчаҳо рехтаанд

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури феълии Эрон, дар интихоботи рӯзи 12 июн низ пешсаф буда, интизор меравад, курсии раҳбарии давлати Эронро ҳифз кунад.

Бино бар иттилоъи мақомоти интихоботии Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод ба тақрибан 65 дарсади оро соҳиб шудааст. Раҳбари кумиссиюни интихобот Комрони Донишҷӯ гуфт, бар асоси шумориши тақрибан ҳамаи оро, рақиби аслии Аҳмадинажод - сарвазири собиқ ва номзади ислоҳталаб Мирҳусейни Мӯсавӣ танҳо ҳудуди32 дарсад раъйи мувофиқи мардумро ба даст овардааст.

Тарафдорони Аҳмадинажод алакай ба кӯчаву хиёбонҳои Теҳрон рехта, ба таҷлили пирӯзии ӯ оғоз кардаанд. Мӯсавӣ ба навбаи худ даъво дорад, ки бо вуҷуди "тахаллуфот" дар раъйигирии рӯзи 12 июн ӯ пирӯз шудааст.

Вазорати кишвари Эрон, ки масъули баргузории интихоботҳост, мизони мушорикати мардум дар интихоботи рӯзи 12 июни раёсатҷумҳурии Эронро наздик ба 80 дарсад баровард кардааст, ки дар таърихи Эрон собиқа надоштааст.

Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ба ҷуз ах Маҳмуди Аҳмадинажод ва Мирҳусайни Мӯсавӣ, ки ду номзади аслӣ маҳсуб мешуданд, ҳамчунин Маҳдии Каррубӣ, раиси собиқи парлумони Эрон, ва Ҳусайн Ризоӣ, фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, вориди рақобат шуда буданд. Вале ба гуфтаи мақомоти интихоботии Эрон, мизони ҳимояти мардум аз он ду номзади дигар хеле ночиз ва камтар аз 2 дарсадӣ будааст.
XS
SM
MD
LG