Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикон мехоҳанд, бовар кунанд, ки муносибатҳоиТоҷикистону Эрон қатъи назар аз барандаи интихоботи президентии 12 июн ҳамчунон густариш хоҳанд ёфт.

МУШТАРАКОТ

Тоҷикистон ба далели муштаркоти таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва диниаш бо Эрон ба таҳаввулоти ин кишвар ҳамеша таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардааст.

Бисёре аз соҳибназарони тоҷик ба ин боваранд, ки сарфи назар аз сари кор омадани ҳар номзаде дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон
Сафари президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон, Душанбе, 25 июли соли 2006.
муносибати ин кишвар бо Тоҷикистон тағйире нахоҳад кард. Аммо бархе ҳам ба ин боваранд, ки ислоҳталабон дар сурати пирӯзӣ муносиботи иқтисодӣ ва фарҳангии хубтаре бо Тоҷикистон роҳандозӣ хоҳанд кард.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, аз ҷумла ба ин бовар аст, Эрон Тоҷикистонро даҳлезе барои вуруди худ ба Осиёи Марказӣ медонад ва аз ин лиҳоз сарфи назар аз шахсияти раиси ҷумҳур муносиботи ду кишвар густариш хоҳад дошт.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи оқои Бекмуҳаммад, дар маҷмӯъ дар сатҳи вазорату созмонҳои эронӣ Тоҷикистон ба сурати дуруст шиносоӣ нашудааст ва то кунун Эрон натавонистааст ба сурати маҷмӯъӣ ба интизорот ва иштиёқу алоқаи мардум ва раҳбарии Тоҷикистон посух бигӯяд.

ҲАМКОРИҲОИ ФЕЪЛӢ


Тоҷикистон бо Эрон дар ҳоли ҳозир дар бахшҳои мухталифе ҳамкорӣ дорад ва то кунун садҳо миллион доллар сармояи эронӣ дар тарҳҳои муҳими Тоҷикистон корбаст шудааст. Молҳои тавлиди Эрон дар бозорҳои Тоҷикистон бо фуровардаҳои чинӣ рақобат мекунанд.

Аммо ҷалби ин сармоя ва татбиқи ин тарҳҳо ба содагӣ даст надодааст. Ва истилоҳи ислоҳталабу муҳофизакор дар равобити Тоҷикистон бо Эрон низ ранге қобили эҳсос дорад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон нахустин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро дар охири соли 1991 ба расмият шинохт. Аммо бо оғози даргириҳои мусаллаҳона дар Тоҷикистон Эрон умдатан паноҳгоҳи сарони мухолиф ва пуштибони нируҳои мухолифи давлат дар сатҳи байналмилал шуд.

Бо ин вуҷуд, Теҳрон равобити дипломатӣ ҳамроҳ бо мушкили худро бо Душанбеи расмӣ низ, тавонист камокон ҳифз кунад.

Дар ин муддат, равобити Тоҷикистон бо Эрон умдатан дар сатҳи сафари ҳайатҳои фарҳангӣ, нашри китоб ва кӯмакҳои башарӣ маҳдуд буд. Аммо Душанбе ба даст овардани як эътибори 25- миллиондоллариеро, ки Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси ҷумҳури вақти Эрон ваъдаашро супурда буд, ҳеҷ гоҳ аз ёд набурд. Вале ба даст овардани ин эътибор то сари кор омадани Сайид Муҳаммади Хотамӣ, номумкин буд.

НАҚШИ ХОТАМӢ

Бо омадани Муҳаммади Хотамӣ, сиёсати Эрон дар Тоҷикистон дар ду самт тағйир кард. Барои аввалин бор ба сармоягузории тарҳҳои
Президенти собиқи Эрон, Муҳаммади Хотамӣ.
иқтисодӣ ва энержӣ таваҷҷӯҳ шуд ва як сармоягузории 600-миллиондоллариро оқои Хотамӣ ваъда кард, ки то кунун нисфе аз он иҷро шуда.

Аз нигоҳи дигар, равиши умдатан мазҳабӣ дар сиёсатҳои фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон низ ба гунаи чашмгире тағйир кард.

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури феълӣ, танҳо шанс овард, ки шоҳиди иҷрои созишномаҳои миёни Эрон ва Тоҷикистон дар заминаи сохтмони нақби "Истиқлол", нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ва бахше аз сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб – Дарвоз бошад, ки дар аҳди Хотамӣ ҳосил шуда буд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин бархе аз соҳибназарони тоҷик эътиқод доранд, ки ба сари қудрат баргаштани ислоҳталабон дар Эрон дар намунаи Мусавӣ ё Каррубӣ муносибатҳои Тоҷикистону Эронро ба сатҳи муносибтаре савқ хоҳад дод.

ИНТИХОБИ ТОҶИКИСТОН?


Раҳматулло Зоиров, ҳуқуқдон ва раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, аз ҷумла мегӯяд, аз рӯи ақидаҳое, ки Мусавӣ ва Хотамӣ таблиғ мекунанд, яъне бо роҳи фарҳангӣ ва эволютсионӣ пеш рафтанд, барои ҷомеаи Тоҷикистон муносибтар аст.

Дар ҳамин ҳол, бархе дигар аз таҳлилгарон мегӯянд, албатта, ҳар касе дар ҷомеаи Эрон ба қудрат бирасад, хоҳ ислоҳталаб ва хоҳ усулгаро, роҳе ҷуз эътирофи ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии он кишварро надорад.

Вале Сайидаҳмади Қаландар, соҳибназари тоҷик мегӯяд, беҳтар хоҳад буд, ки мунтахаби миллати Эрон касе бошад, ки ҳам мавриди қабули ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳам Тоҷикистон бошад.

Аммо мусоҳибони ман, аз ҷумлаи сокинони Душане ба як ҳисоб коре ба шахсияти раиси ҷумҳурии ояндаи Эрон надоранд. Инро ҳаққи мардуми он кишвар медонанд, вале ҳамзамон умедворанд, ки ҳар касе раиси ҷумҳур мешавад, ваъдаҳои Эрон дар Тоҷикистонро амалӣ кунад.

ВИЖАГИҲОИ АҲМАДИНАЖОД?

Президент Маҳмуди Аҳмадинажод
Ин ақида низ ҷой дорад, ки Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии кунунӣ бо Тоҷикистон равобиту алоқа ва шинохте пайдо кардааст. Ва шояд битавонад дар сурати интихоб шудан аз шинохт ва таҷрибаи худ истифодае ба нафъи Тоҷикистон муносибе кунад.

Ба ҳамин тартиб, ҷомеаи байналмилал, ва хоса эрониҳо интизори пирӯзии шахсияте дар интихоботи рӯзи ҷумъа ҳастанд, ки битавонад, тағйире дар сиёсатҳои ин кишвар ворид кунад. Бузургтарин интизори Тоҷикистон, вале ин аст, ки ҳар касе барандаи интихобот шавад, зудтар кори нақби "Истиқлол", ки солҳо ба тӯл кашида ва сохтмони "Сангтӯда-2" анҷом пазирад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG