Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Барак Обама ба Қурмонбек Боқиев


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико ба ҳамтои қирғизи худ як номаи хусусӣ фиристода ва барои мусоидати Қирғизистон дар амалиётҳои артиши Амрико дар Афғонистон ибрози сипос кардааст. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Иёлоти Муттаҳида саъй дорад, аз бастани пойгоҳи низомиаш дар фурудгоҳи Манаси шаҳри Бишкек ҷилавгирӣ намояд. Қирғизистон моҳи феврал аз Иёлоти Муттаҳида хост, то сарбозонашро дар ҳудуди шаш моҳ аз Манас хориҷ кунад. Ин пойгоҳро чандин сол барои мусоидат ба амалиётҳои низомӣ дар Афғонистон истифода мекарданд.
XS
SM
MD
LG