Пайвандҳои дастрасӣ

Нархи як бушка нафт ба бештар аз 71 доллар расид


Нархи нафт бори дигар дар соли ҷорӣ ба баландтарин нуқтаи худ расид. Рӯзи сешанбе нархи нафти хом , ки барои моҳи июл ба фурӯш рафт, дар бозори Нию Йорк 1.32 доллар боло рафт ва барои ҳар бушка 71.33 долларро ташкил дод. Аз моҳи октябри соли гузашта то ба ҳол ин болотарин нарх ба шумор меравад. Бино ба гузоришҳо, сармоягузорон барои он бештар ба хариди нафт рӯ овардаанд, ки дар бораи коҳиши захираи нафт дар Амрико гузоришҳо ба нашр расидааст. Амрико бузургтарин кишвари истеъмолкунандаи сӯхт ба шумор меравад ва умед дорад, ки агар иқтисоди ҷаҳон аз бӯҳрони молӣ раҳо ёбад, эҳтиёҷ ба нафт бештар мешавад.
XS
SM
MD
LG