Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интизорот аз интихоботи Аврупо


Раъйдиҳӣ дар марҳилаи ниҳоии интихоботи порлумонии Иттиҳодияи Аврупо имрӯз дар 19 кишвари узв идома дорад. Интизор меравад, бештари 736 курсиҳои Порлумони Аврупоро боз ҳам ҳизбҳои марказгаро аз они худ кунанд, вале дар сурати ширкати ками раъйдиҳандагон дар интихобот, баъзе аз ҳизбҳои ростгаро ҳам метавонанд, раъйи бештар ба даст биёранд. Хосе Мануэл Барроссо – раиси Кумиссиёни Аврупо, аз раъйдиҳандагон хост, барои интихоби Порлумони Аврупо, ки ба гуфтаи вай рӯз то рӯз муҳимтар мешавад, ба раъйдиҳӣ бираванд. Ҳудуди 388 миллион нафар аз сокинони Иттиҳодияи Аврупо ҳаққи ширкат дар ин интихоботи бузургтарин дар ҷаҳонро доранд.
XS
SM
MD
LG