Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу аз сиёсатҳои ояндааш мегӯяд


Бенямин Нетаняҳу – нахуствазири Исроил имрӯз гуфт, ки бо як суханронии муҳиме, аз сиёсатҳои ояндаи амниятӣ ва сулҳи ҳукумати кишвараш парда хоҳад бардошт. Аммо маълум нест, Бенямин Нетаняҳу кай ин паёмашро ироа мекунад. Рӯзи панҷшанбе Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико дар шаҳри Қоҳира ба равобити “ношикастании” Амрикову Исроил таъкид кард, вале ваъда дод, ки орзуҳои фаластиниёнро ҳам нодида нахоҳад гирифт ва аз Исроил хост, то ба сохтани шаҳракҳои яҳудинишин дар Канораи Ғарби Рӯди Урдӯн хотима диҳад.
XS
SM
MD
LG