Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷи нави боздоштҳо дар Қазоқистон идома дорад


Бино ба хабарҳо, дар Қазоқистон мавҷи нави боздошти мақомоти расмӣ идома дорад. Мурат Жуманбай-сухангӯи пулиси молӣ гуфт, рӯзи сешанбе Серик Туржанов ва Александр Нисанов-раҳбарони ширкати мавсум ба КИИК ва Бирлик Медибаев-раиси кумитаи омори Қазоқистон боздошт шудаанд. Ҳафтаи гузашта пулис Абдинур Батаев-раиси раёсати зистмуҳитӣ ва Нурман Баёнов-муовини раиси ожонси оморро дар Остона боздошт кард. Барои боздошти чандин нафари дигар дастур содир шудааст. Ҳамаи онҳо ба ришвахорӣ муттаҳам шудаанд.
XS
SM
MD
LG