Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуфтугӯи телевизионии ду рақиби интихоботии Эрон


Қарор аст имрӯз Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон бо рақиби аслии интихоботиаш Мир Ҳуссейн Мусавӣ дар як гуфтугӯи мустақими телевизионӣ рӯ ба рӯ оянд. Ин мунозираи мустақим соати 23-и вақти Тоҷикистон оғоз мешавад. Ин ду номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ хушбинанд, ки дар даври аввали интихоботи 12-ӯми июн ба пирӯзи мерасанд. Мусавӣ ҷонибдори ҷиноҳи ислоҳталабон аст. Имрӯз Аҳмадинежод дар варзишгоҳи "Озодӣ"-и Теҳрон хитоб ба ҷонибдоронаш гуфт:

"Имрӯз ҳам мсъалаи интихобот ин аст, ки иддае мехоҳанд шароитро ба вазъи гузашта баргардонанд".

Агар ҳеҷ як аз номзадҳо дар даври аввал пирӯз нашавад, даври дуввуми интихобот 19-ӯми июн дар назар дошта шудааст. Ду номзади дигари раёсати ҷумҳурӣ Меҳдӣ Каррубӣ- собиқ раиси Маҷлис ва Муҳсин Ризо- собиқ фармондеҳи Горди Инқилоб рӯзи сешанбеи оянда дар гуфтугӯи мустақими телевизионӣ ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG