Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти боз як муттаҳами куштори Маргарет Ҳасан


Додгоҳи Бағдод шаҳрванди Ироқ Алӣ Лутфӣ ал-Равиро бо иттиҳоми одамрабоӣ ва куштори корманди созмони хайрияи бритониёвӣ ба ҳукми абад маҳкум кард. Раиси бахши ироқии созмони CARE International Маргарет Ҳасан моҳи октябри соли 2004-ум дар Бағдод рабуда шуд. Баъдан сабти видеоие пахш гардид, ки дар он хонум Ҳасан тавалло мекард то ӯро наҷот диҳанд. Баъд аз як моҳ дар бораи ҳалокати ӯ хабар расид ва аммо ҷасадаш то ҳол пайдо нашудааст.
Алӣ Лутфӣ ал-Равӣ дуввумин фардест, ки бо иттиҳоми даст доштан дар рабудан ва куштори Маргарет Ҳасан маҳкум ба зиндон мешавад. Соли 2006- ум шаҳрванди дигари Ироқ, ки дар рабудани Маргарет Ҳасан ҳамдастӣ карда буд, низ ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.
XS
SM
MD
LG