Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ Муттакиро ба ҳузур мепазирад


Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, фардо дар Порис вазири умури хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакиро ба ҳузур мепазирад. Ба иттилоъи дафтари раисиҷумҳури Фаронса, Саркозӣ барои мутмаин сохтани Теҳрон ба зарурати эҳёи музокироти байнулмилалӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон талош хоҳад кард.
Панҷ кишвари узви доимии СММ – ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия ва Чин ба изофаи Олмон мехоҳанд Эронро ба қатъи барномаи ғанисозии ураниум водор созанд. Кишварҳои ғарбӣ Теҳронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ гумонбар мехонанд. Ва аммо Эрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаии кишвар аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG