Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷустуҷӯи ҳавопаймои гумшудаи Фаронса


Дар Бразилия як ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Фаронсаро меҷӯянд, ки зоҳиран бо 228 мусофираш зимни парвоз бар фарози Уқёнуси Атлантик суқут кардааст. Иртиботи ҳавопаймо, ки аз шаҳри Рио Де Жанейро бархоста ва озими шаҳри Париж будааст, баъди фурсати кӯтоҳе бо Маркази идораи парвозҳо баъди парвозҳо қатъ шудааст. Мақомоти Фаронса мегӯянд, эҳтимолан ба ҳавопаймои Эйрбас Эй 330 раъду барқ задааст. Нерӯҳои ҳавоии Фаронсаву Бразилия барои пайдо кардани нишонаҳои аломати ҳавопаймои нопадидшуда, ҳавопаймоҳои худро фиристодаанд.
XS
SM
MD
LG