Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Белгия ба Тоҷикистон меояд


Имрӯз сарвазири шоҳигарии Белгия Ҳерман Ван Ромпей бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад. Ба иттилоъи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар нимаи дуввуми рӯз меҳмони воломақомро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад. Интизор меравад, ки дар ин дидору гуфтугӯ мавзӯъи таҳкими равобит миёни Тоҷикистону Белгия ва ҳамчунин Стратегияи нави Иттиҳодияи Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ баррасӣ шавад.
Ба иттилоъи Кумитаи омори Тоҷикистон, тайи чаҳор моҳи аввали соли равон мизони табодули молу коло миёни ду кишвар 600 ҳазор долларро ташкил дод, аз ҷумла, аз Белгия ба Тоҷикистон ба маблағи 584 ҳазор доллар молу мавод ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG