Пайвандҳои дастрасӣ

Оҷонсии мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон даҳсолагии фаъолияти худро таҷлил кард.

Дар як ҳамоиши идонаи бахшида бар ин муносибат президенти Тоҷикистон иштирок кард ва кормандони Оҷонсиро бо ин солгард табрик гуфта, аз нақши онҳо дар ҷилавгирӣ аз қочоқ ва хариду фурӯши мухаддирот қадрдонӣ кард. Президент гуфт, аз лиҳози ҷуғрофӣ Тоҷикистон дар сари роҳи интиқоли мухаддирот ҷойгир шудааст ва дар даҳаи дуввуми солҳои навад гурӯҳҳои ҷиноӣ аз вазъи носуботи кишвар истифода бурда, ба қочоқи мухаддирот даст мезаданд ва таъсиси як ниҳоди вижаи мубориза бо ин падида амри ногузири замон буд.

Якуми июни соли 1999 амри президент дар бораи ташкили Оҷонсии назорати маводи мухаддир дар ҳамкорӣ бо Созмони милал содир шуд ва дар таърихи СММ нахустин бор буд, ки ин созмони ҷаҳонии бонуфуз дар таъсиси як ниҳоди вижаи давлатии мубориза алайҳи маводи мухаддир дар як кишваре дасти ёрӣ дароз карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш гуфтааст, дар тамоми давраи фаъолияти худ Оҷонсӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳо тақрибан 20 тонна маводи мухаддирро боздошт кардааст, аз ҷумла, 9 тоннаро дар хоки Тоҷикистон ва бештар аз 10 тоннаро берун аз хоки Тоҷикистон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, аммо ҳанӯз ҳам ин фаъолият наметавонад қаноатманд арзёбӣ шавад. Ӯ гуфтааст, ҳеҷ як кишвари ҷаҳон дар ин амр наметавонад ба танҳоӣ мубориза бибарад, аз ин рӯ, таъсиси як ҳалқаи серзанҷираи ҳамкории байнулмилалӣ зарур аст.

Президенти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, то бо сарварии Созмони милал як барномаи муташаккил ва воҳиди мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирот тартиб дода шавад, конфронси байнулмилалӣ баргузор шавад ва соли 2011 Соли байнулмилалии мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир эълон шавад. Ӯ гуфтааст, Душанбе омода аст, мизбони чунин як ҳамоиш бигардад.
XS
SM
MD
LG