Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди гузоришгари СММ аз Амрико


Як муҳаққиқи мустақили масоили ҳуқуқи башар дар СММ, мақарраш дар Женева гуфт, ки ИМА тафтиши ҷиноятҳои ҷангии сарбозонашро дар Афғонистону Ироқ ба тарзи зарурӣ анҷом намедиҳад. Баъзе аз ҳодисаҳо ба таври комил таҳқиқ шуда омилони ҷиноятҳо ба ҷавобгарӣ кашонда шудаанд, вале дар ҳолатҳои зиёд ин ҷиноёт пурраву мӯшикофона тафтиш нашудаанд ва ё муҷримон ҳукмҳои сабук гирифтаанд. Ин аст хулосаҳои Филипп Олстон, гузоришгари вижаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ оид ба қатлҳое, ки аз назари додгоҳ дур мондаанд. Дар айни замон, Олстон хулоса кардааст, ки нирӯҳои амрикоӣ даст ба ҷиноятҳои сартосарӣ назадаанд. Назар ба иттилои СММ маъмурияти Обама ният дорад гузориши ҷаноби Олстонро мавриди омӯзиши амиқ қарор диҳад.
XS
SM
MD
LG