Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ҳалқаи афсарони қочоқчии рус


Хадамоти федеролии гумруки Русия гуфт, ки як ҳалқаи ҷиноии афсарони собиқу низомиёни амалкунандаро ошкор карданд, ки бо ғорат ва фурӯши таркиби мушакҳо ва силоҳҳои дигар ба хориҷа машғул буданд. Дар изҳороти гумрук гуфта мешавад, ки даҳҳо муттаҳамони ин тиҷорати сиёҳ боздошт шуданд ва аз дасти онҳо миқдори хеле зиёди ҷузъҳои мушакӣ мусодира шудааст, ки милёнҳо доллар арзиш дорад. Изҳорот ҳокист, ки гурӯҳи афсарон ин таркибҳои мушакҳоро ба бозори сиёҳи Беларус, Бурғористон, Қазоқистон ва Украина қочоқ мекарданд.
XS
SM
MD
LG