Пайвандҳои дастрасӣ

Бан иддаои Тифлисро рад кард


Дабири кулли СММ Бан Ки Мун иддаои Тифлисро рад кард, ки гуфтааст гӯё вай зимни таҳияи гузорише оид ба Гурҷистон таҳти таъсири Русия онро тағйир додааст. Сафири Гурҷистон дар СММ Александр Ломая гуфт, ки оқои Бан таҳти таъсири Русия монда дар гузориши худ аз таърихи 18 май дар ифодаи ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон мансубияти расмии онҳоро ба Гурҷистон ҳазф кардааст. Русия аллакай иттиҳомоти Ломаяро рад кард. Дар пайи ҷанги панҷрӯзаи августи порсол дар Осетияи Ҷанубӣ равобити миёни Маскаву Тифлис пуртаниш боқӣ мемонад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG