Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонии бераҳм ба ҷавобгарӣ кашида мешавад


Калисои ортодокси Сербистон рӯҳониеро, ки маркази барқарории мӯътодонро раҳбарӣ мекард, баъди намоиши навори видеоии лату кӯби мизоҷонаш аз вазифа сабукдӯш кард. Калисо гуфт, ки фаъолиятҳои Бранислав Перанович мавриди таҳқиқ қарор хоҳад гирифт. Вай раҳбарии маркази "Дарёи сиёҳ" воқеъ дар 300-километрии ҷанубу ғарби пойтахт шаҳри Белградро ба ӯҳда дошт. Вале калисо таъкид кардааст, ки мухолифи баста шудани худи маркази муолиҷавӣ нест. Дар ду навори ҷудогонае, ки ахиран тавассути телевизионҳои маҳаллии Сербистон пахш шуд, саҳнаҳои лату кӯби мӯътодони маводи мухаддир аз ҷониби яке аз коргарони марказ ва худи Перанович ба намоиш даромад: беморонро бо бел ва зарби по чандин карат зада баъд ба дохили утоқе, ки бо тасвирҳои мазҳабӣ оро дода шуда буд, бо зӯр дохил мекарданд. Масъули ҳуқуқи башари назди ҳукумати Сербистон зидди маркази Перанович парвандаи ҷиноӣ боз кард.
XS
SM
MD
LG