Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари коршиносони тоҷик ба ҳаводиси Хонобод


Низомиёни давлатӣ дар Андиҷон
Низомиёни давлатӣ дар Андиҷон

Ба назари таҳлилгарони тоҷик, вазъи пешомада дар Узбакистон пайомади мустақим ё ғайримустақими авзоъ дар Покистону Афғонистон аст.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, таҳлилгари тоҷик ва раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, мегӯяд, ҳаводиси ахири Андиҷони Узбакистон навъе вокуниши занҷираӣ мебошад. Яъне шуруи амалиёти артиши Покистон бо тақозои Амрико алайҳи Толибон нерӯҳои тундрав ва ифротиро ба ақибнишинӣ ба минтақаҳои шимолии ин кишвар маҷбур кардааст ва дар ин миён онҳое, ки узви ҲИУ мебошанд, талош мекунанд ба маҳали зисти доимии худ водии Фарғона роҳ ёбанд.

Оғои Маҳмадазимов ба ин бовар аст, ки кишварҳои минтақа ба сурати ҷудогона қодир ба посух гуфтан ба чунин чолишҳо ва муқобила ба ин нерӯҳо хоҳанд буд. Ва аз нигоҳи дигар, мегӯяд ӯ, ин нерӯҳо қудрати халали ҷиддӣ ворид кардан ба авзоъи минтақаро нахоҳанд дошт.

Дар ҳамин ҳол, бархе ҳам ба ин назаранд, ки нерӯҳои мавриди назар аслан гуруҳҳоеанд, ки аз баданаи Толибон бадар омадаанд. Зеро авзои ҳоким идораи ин нерӯҳоро ҳам барои Толибон ва ҳам барои сарпарастони хориҷии онҳо ғайримумкин кардааст. Ва қудратҳои фароминтақаӣ дар талошанд аз ҳузури онҳо дар минтақа истифода кунанд. Ин истифода агар сурат бигирад, вобастагии кишварҳои минтақаро ба қудратҳои фароминтақаии ҳам ғарбӣ ва ҳам Русия бештар хоҳад кард.

Вале Саъдии Юсуфӣ, коршиноси масоили минтақаӣ, бештар ба ин бовар аст, ки ҳаводис ва нерӯҳои мавриди баҳс аслан решаи дохилӣ доранд ва дар маҳал қад алам карданд, то ин ки аз хориҷ ворид шуда бошанд. Оғои Юсуфӣ мегӯяд, вуҷуди тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии толибӣ дар дохили кишварҳои минтақа ва хоса Узбакистонро сарфи назар намекунад. Вай мегӯяд вориди кишваре бо низоми оҳанин мисли Узбакистон шудани гурӯҳҳои мусаллаҳ аз хориҷ далели маҳкам мехоҳад, то онро бовар кард.

Вале ин андеша низ ҷой дорад, ки умдатан низомҳои ҳоким баҳонаҳое барои зуҳури чунин гурӯҳҳо ва фаъолшудани онҳо додаанд. Мушкилоте назири маҳдудсозии иҷрои фаризаҳои маҳзабӣ, озодиҳои маданӣ, муборизаҳои сиёсӣ, бекорӣ, адами адолати иҷтимоӣ, тасаллути мудавоми гурӯҳҳои хос бар ҳукуматҳо ва манобеи иқтисодии кишварҳои минтақа аз ҷумлаи баҳонаҳоест, ки гурӯҳҳои тундрав ва ифротиро бештар фаъол мекунад. Аммо бештар аз ин ҳам қавоиди сахтгирона, оштинопазирӣ ба ҳамаи навъи мухолифин, чӣ демократӣ ва чӣ исломӣ, солҳо бидуни муҳокима дар зиндонҳо хобидани муттаҳамон хоси низом дар Узбакистон аст.

Вале ба ҳар ҳол, мегӯянд бархе дигар аз таҳлилгарон, бо вуҷуди ин ҳама таҳаввулоти ахир нахоҳад тавонист монеъ аз иҷрои барномаи бузурги рушд дар минтақа, хоса тарҳҳои энержӣ шавад. Аммо боз ҳам бояд интизор буд ва дид, ки саҳнаи таҳаввули навбатӣ куҷост ва роҳи инкишофи он кадом?
XS
SM
MD
LG