Пайвандҳои дастрасӣ

Масрафоти бесобиқаи "Салиби Сурх"


Кумитаи байнулмилалии “Салиби Сурх” бар асари афзоиши бӯҳронҳои башарӣ соли гузашта маблағи бесобиқа дар таърихи худро сарф кардааст. Дар гузориши солонаи кумита гуфта шудааст, ки масрафоти “Салиби Сурх” дар соли 2008 беш аз 1 миллиард доллар буд ва ин маблағ барои кумак ба кишварҳое чун Судон, Сомалӣ, Ироқ, Афғонистон, Фаластин ва Шри-Ланка сарф гардид. “Салиби Сурх” соли гузашта миёни мардуми манотиқи офатзада 120 ҳазор тонна озуқа тақсим кард, ки назар ба як соли пеш ду баробар бештар аст. Аз маводи озуқаи ин кумита, беш аз дуву ним миллион нафар бархурдор шуданд.
XS
SM
MD
LG