Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифин муҳосираи роҳи оҳанро қатъ карданд


Мухолифини ҳукумати Гурҷистон муҳосираи роҳи оҳан дар минтақаи вокзалро қатъ карданд. Дирӯз тақрибан 300 нафар роҳи оҳанро бастанд ва бар асари он ҳаракати қатораҳо мутаваққиф шуд. Ба гуфтаи раҳбарони мухолифин, роҳбандӣ ҳушдор ба ҳукумат буд ва агар музокирот дар мавриди истеъфои раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ ба зудӣ шурӯъ нашавад, ин гуна эътирозҳо идома хоҳад кард.
Рӯзи сешанбе дар варзишгоҳи миллии Тифлис гирдиҳамоии эътирозии ҷонибдорони аҳзоби мухолиф доир шуд, ки дар он даҳҳо ҳазор нафар ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG