Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи нахусти амалиёти "Кукнор-2009" дар Душанбе


Хабаргузориҳои маҳаллии Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки дар шаҳри Душанбе нахустин ҷаласаи ситоди амалиёти "Кукнор-2009" баргузор шудааст. Дар давоми ҳафтаи гузашта сару садоҳое ба роҳ афтоданд, ки дар минтақаи Сағирдашти вилояти худмухтори Бадахшони Кӯҳистонӣ таҷаммуъи нируҳои номаълум мушоҳида шудааст ва нируҳои давлатӣ ба ин минтақа фиристода шудаанд. Дар ин бора матбуъоти Русия низ матолибе ба нашр расонданд. Вале мақомоти зидахли Тоҷикистон ин хабарҳоро рад карданд ва гуфтанд, ки дар минтақа амлиёти "Кукнор-2009" идома дорад ва нируҳои давлатӣ дар ҳамин амалиёт ширкат мекунанд. Ҳоло хабаргузориҳои Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки дар нахустин ҷаласаи ситоди амалиёти "Кукнор-2009" мақомоти раҳбарии Ожонси назорат ба маводи мухаддири кишвар намояндагони бахши дифоъ ва тартиботи дафтари раёсати ҷумҳурӣ, вазоратҳои фарҳангу тандурустӣ, хадамоти гумрук, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ширкат ҷустаанд. Тибқи хабарҳо дар ин ҷаласа масъалаҳои марбут ба иҷрои амалиёти "Кукнор-2009" баррасӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG