Пайвандҳои дастрасӣ

Роксана Собирӣ ба ИМА бармегардад


Роксана Собирӣ, хабарнигори эронитабори амрикоӣ, имрӯз ба Иёлоти Муттаҳида бармегардад. Ӯ моҳи гузашта аз сӯи додгоҳи Эрон бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Амрико барои ҳашт сол маҳкум ба зиндон шуда буд ва аммо рӯзи 11-и май Додгоҳи таҷдиди назар ин ҳукмро ба 2 сол ҳабси шартӣ иваз кард. Ҳамон вақт вакили дифоъи ӯ Солеҳ Некбахт гуфта буд, ки Роксана Собирӣ метавонад Теҳронро тарк намояд, вале тайи 5 соли оянда ҳаққи хабарнигорӣ дар Эронро нахоҳад дошт.
Ёдовар мешавем, Роксана Собирӣ моҳи январ ҳангоми харидории машрубот боздошт шуда, ибтидо ба фаъолияти ғайримуҷози хабарнигорӣ ва дар ниҳоят ба ҷосусӣ айбдор гардид.
XS
SM
MD
LG