Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Русияву Аврупо оғоз мешавад


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва Русия ба зудӣ гуфтугӯҳои аслӣ дар ҳамоишии сарони ду тарафро шурӯъ мекунанд, ки дар шаҳри Хабаровски Русия баргузор мешавад. Нишасти дурӯзаи сарони Иттиҳодияи Аврупо ва Русия рӯзи панҷшанбе бо мулоқоти кории раиси ҷумҳур Дмитрий Медведев ва Хосе Мануэл Бароссо - раиси Кумиссиёни Аврупо ва Васлав Клаус – раиси ҷумҳури Чех, оғоз шуд, ки ҳоло кишвараш раҳбари давраии Иттиҳодияи Аврупост. Ҳарду тараф қасд доранд, ҳамкориҳои густурдаро аз сар бигиранд, ки Иттиҳодияи Аврупо пас аз ҷанги Русия бо Гурҷистон дар моҳи августи соли гузашта муттавақиф кардааст.
XS
SM
MD
LG