Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллиардери мисрӣ ҳукми зиндон гирифт


Як миллиардери мисрӣ имрӯз барои куштори як ситораи попи лубнонӣ ва маъшуқаи собиқи худ ба марг маҳкум шуд. Ҳешам Талъат Мустафо, як соҳибкор ва сиёсатмадори маъруф имрӯз аз ҷониби додгоҳ барои фармоиш ва пардохти 2 миллион доллар маблағи қатли ҳунарманд Сюзан Тамим дар манзили ӯ дар Дубай дар соли гузашта айбдор дониста шуд. Ҳукми қатлро додгоҳ имрӯз нисбати оқои Мустафо ва як полиси бознишастае содир кард, ки дар иҷрои бевоситаи ин фармоиш гунаҳгор мешавад. Аммо ҳоло ҳукми қатли ин ду нафарро бояд Муфтии аъзами Миср, раҳбари рӯҳонии ин кишвар бознигарӣ ва мавқеи худро дар ин замина баён кунад.
XS
SM
MD
LG