Пайвандҳои дастрасӣ

Саудия то 2000 муҳоҷири тоҷикро мепазирад


Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ

Аз эҳтимол дур нест, ки дар давоми чанд моҳи оянда то 2000 муҳоҷири кории тоҷикистонӣ дар Арабистони Саудӣ шуғле пайдо намоянд.

Хабаргузориҳои арабӣ дар поёни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ бо мақомоти баландпояи Арабистони Саудӣ дар шаҳри Риёз навиштаанд, акнун садҳо муҳоҷири кории тоҷикистонӣ, ки аз сабаби бӯҳрони иқтисодӣ корашон дар Русияро аз даст додаанд, метавонанд дар Саудия соҳиби шуғл шаванд.

Рӯзи сешанбе дар ҷараёни боздидҳои Зарифӣ бо шоҳзода Ноиф ибни Абдулазиз - муовини дуюми сарвазири Арабистон, ки ҳамзамон вазири корҳои дохилии ин кишвар аст, ва вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ шоҳзода Сауд Ал-Файсал равобити дуҷониба ва масъалаҳои мавриди нигаронии онҳо баҳс шудаанд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба мансабдорони саудӣ паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро тақдим кард, ки унвонии шоҳи Арабистон малик Абдуллоҳ фиристода шуда буд. Дар вохӯриҳои ҳайъатҳои ду кишвар сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Салоҳиддин Насриддинов низ ҳузур доштааст.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон Зарифӣ ба кишвари Арабистони Саудӣ барои пуштибонӣ аз баргузории мулоқоти соли ояндаи вазирони корҳои хориҷии созмони Конфронси Исломӣ дар шаҳри Душанбе ибрози сипос кард. Ба қавли вазири корҳои хориҷиии Тоҷикистон, ""ин кишвар бо ҳар мамлакате, ки ҷонибдори эҳёи назму субот дар Афғонистону Ироқ аст, равобити қавӣ барқарор намудааст."

Рӯзи чоршанбе дар Арабистони Саудӣ мулоқоти Ҳамроҳхон Зарифӣ бо дабири кулли Созмони Конфронси исломӣ Акмалиддин Эҳсонуғлӣ барпо шуда буд. Эҳсонуғлӣ мегӯяд, мизбонии нишасти 37-уми вазирони корҳои хориҷии Созмони Конфронси Исломӣ, ки соли оянда дар Душанбе доир мешавад, шаҳодати фаъолияти пурсамари Тоҷикистон дар чорчӯби ин созмон аст.

Ҳамин тариқ зимни сафари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ мувофиқат дар мавриди содироти нерӯи кории Тоҷикистон ба Саудия ҳосил шудааст. Назар ба иттилоъи расонаҳо, тӯли чанд моҳи ахир муҳоҷирони кории тоҷики муқими Русия ва кишварҳои дигари собиқ Шӯравӣ ба ватанашон маблағи ба маротиб камтаре ирсол намудаанд. Дар роҳ ба Арабистони Саудӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ рӯзи 18-уми май дар Дубай бо мақомоти баландпояи Имороти Муттаҳидаи Араб ва аз ҷумла бо раҳбарони Бунёди Абу Забӣ барои рушди иқтисодӣ вохӯрда буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG