Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташреҳи Обама дар заминаи Гуантанамо


Имрӯз раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама бояд парда аз стратегияи худ дар нисбати басташавии боздоштҳои муваққатии Гуантанамо бардорад, ки муттаҳамони терроризм дар он нигаҳдорӣ мешаванд. Дар рӯзи дуюми сари кор омадани худ Обама тааҳҳуд намуд, ки ба хотири барқарории обурӯи Амрико дар арсаи байналмилалӣ боздоштгоҳи воқеъ дар ҷазираи Кубаро мебандад. Вале сиёсатмадорон аз ҳарду сангар - ҳам демократҳо ва ҳам ҷумҳурихоҳҳо аз ӯ тақозо доранд, ки роҷеъ ба сарнавишти минбаъдаи 240 муттаҳами ин боздоштгоҳ тафсилоти мушаххас бидиҳад. Рӯзи чоршанбе аъзои Сенат даъвати Обамаро дар заминаи ихтисоси 80 миллион доллар барои бастани Гуантанамо ва интиқоли боздоштшудаҳо ба қаламрави ИМА рад карданд.
XS
SM
MD
LG