Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як бандии Гуантанаморо ба Ню Йорк меоранд


Мақомоти расмӣ мегӯянд, Аҳмад Қайлонӣ - як узви аслии мазнуни Ал-Қоида, ки дар Гуантанамо маҳбус аст, барои муҳокима ба шаҳри Ню Йорк оварда хоҳад шуд. Аҳмад Қайлонӣ - нахустин маҳбуси Гуантанамо хоҳад буд, ки ба хоки Амрико меоранд ва дар додгоҳи маъмулии ҷиноятӣ муҳокима мекунанд. Ӯро ба бобмгузории ваҳшатноки соли 1998 дар сафоратхонаҳои Амрико дар Африқо муттаҳам кардаанд, ки дар он ҳамлаҳо 224 нафар аз ҷумла 12 амрикоӣ ҳалок шуданд. Аҳмад Қайлонӣ, ки шаҳрванди Танзания аст, соли 2004 дар Покистон боздошт ва ба Гуантанамо интиқол дода шуд. Замони интиқоли ӯ ба Ню Йоркро эълом накардаанд.
XS
SM
MD
LG