Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Довталабони мақоми раисиҷумҳури Эрон эълон шуданд


Шӯрои нигаҳбон, органи олии назорати конститутсионии Эрон, чаҳор нафарро номзад ба мақоми раисиҷумҳур эълон кард. Ба иттилоъи хабаргузории “Меҳр”, барои курсии сарвари кишвар раисиҷумҳури феълӣ Маҳмуд Аҳмадинажод, сарвазири собиқ ва сиёсатмадори ислоҳотхоҳ Мир Ҳусейн Мусавӣ, раиси пешини Маҷлис Меҳдии Корубӣ ва собиқ фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Муҳсин Ризоӣ талош хоҳанд кард. Интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон рӯзи 12 июн доир хоҳад шуд. Барои сабқат дар ин маъракаи сиёсӣ беш аз 450 нафар, аз ҷумла, 42 зан худро сабти ном карда буданд.
XS
SM
MD
LG