Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарс аз таҳдиди пандемияи зукоми хук


Маргарет Чан - мудири Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, ҳушдор додааст, ки ҷаҳон эҳтимолан шоҳиди сар задани пандемияи бемории зуком хоҳад шуд. Вай зимни нишасти солонаи созмон гуфт, махсусан вируси зукоми хук дар сурати омехта шудан бо вируси зукоми парранда метавонад хатарнок бошад, ки ин беморӣ ҳоло ба осонӣ аз инсон ба инсон сироят намекунад. То кунун зукоми хук, ки омехтаи вирусҳои зукоми хуку парранда ва инсон аст, бештар аз ҳаштуним ҳазор нафарро бемор ва 70 нафар ҳалок кардааст. Қарор аст, имрӯз Бан Ги Мун – дабири кулли Созмони Милал ва Маргарет Чен бо раҳбарони ширкатҳои дорусозӣ мулоқот ва доир ба қудрати онҳо дар офаридани ваксина ба зидди ин бемории нав гуфтӯгу кунанд.
XS
SM
MD
LG