Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони дави миллӣ


Дар Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон ҳазорҳо афроди синну сол ва касбу кори мухталиф ширкат карда, ба масофаҳои 3, 5 ва 10 километр давиданд.

Дар ин пойгаи оммавӣ дар шаҳри Душанбе ҳудуди 18 ҳазор нафар иштирок доштанд.

Ғолибони пойгаи 10-километра бо тӯҳфаҳои созмондиҳандагони дави миллӣ мукофотонида шуданд. Дар сабқати мардон Аҷмал Амиров ҷои аввал, Сотиболдӣ Ҳаитов ҷои дуввум ва Баҳодур Боймуродов ҷои севумро касб карданд.

Дар сабқати занон Надима Мирзоева дар ҷои аввал, Мадина Эргашева дар ҷои дуввум ва Зарина Ҳарисова дар ҷои севум қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG