Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон


17-уми май дар Тоҷикистон Рӯзи дави миллӣ эълон шудааст.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: « Рӯзи дави миллӣ ҳамасола бо мақсади тарғиби ҳаракати олимпӣ ва тарзи ҳаёти солим ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон баргузор мешавад. Дар ин чорабинии оммавии варзишӣ ширкати беш аз 100 000 нафар одамони синну сол ва касбу кори мухталиф дар назар аст. Онҳо бо хоҳиши худ ба масофаҳои 3, 5 ва 10 километр медаванд».
Рӯзи дави миллӣ дар шаҳри Душанбе соати 9-и пагоҳӣ аз майдони «Дӯстӣ» шурӯъ шуда, дар ҳамин ҷо ба анҷом мерасад.
Ба ғолибон ва ширкаткунандагони фаъъоли пойга туҳфаҳои Кумитаи тадорукоти Рӯзи дави миллӣ ва сертификати Кумитаи байнулмилалии олимпӣ супурда хоҳанд шуд.
Чаҳор даста дар нимфинал
Бозиҳои чаҳорякниҳоии мусобиқоти қақрамонии ҷаҳон оид ба ҳоккӣ дар Канада бо чунин натиҷаҳо хотима ёфтанд: Ҷумҳурии Чех – Шветсия – 2:3, Канада Норвегия – 8:2, Русия – Швейтсария – 6:0, Финляндия – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – 3:2.
Дар даври ниманиҳоӣ имрӯз Русия бо Финляндия ва 17-уми май Шветсия бо Канада бозӣ хоҳанд кард.
Бозии ниҳоӣ рӯзи якшанбеи 18-уми май баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG